Вокуниши Еревонӣ ба иддаои ирсоли паҳподҳои Эрон ба Русия
Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Миллали Муттаҳид гуфт : Барномарезиҳои сиёсӣ ва интишори иттилооти гумроҳкунанда алайҳи Эрон ба натиҷа нахоҳад расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Еревонӣ-сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк дар ҷамъи хабарнигорон иддаоҳои беасос дар мавриди интиқоли паҳпод аз сӯи Эрон барои истифода дар ҷанги Украинаро рад ва таъкид кард ин иддаоҳо ҳеҷ иртиботе бо қатъномаи 2231 надорад.
Еревонӣ бо баёни инки Эрон мухолифи ҷанг ва даргирӣ аст, гуфт : Эрон ба унвони кишваре ки таҷрибаи ҳашт соли таҷовузу ҷанги таҳмилиро пушти сар гузоридааст, ба таври мудовим аз сулҳ ва поёни фаврии ҷанг дар Украина ҳимоят кардааст .
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид афзуд : Мо ҳамвора бар ин амр таъкид доштаем, ки ҳамаи аъзои Созмони Миллал бояд ба тавр комил ба аҳдофу усули мундариҷ дар маншури Миллали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмиллал аз ҷумла ҳокимият, истиқлол, иттиҳод ва тамомияти арзӣ эҳтиром бигузоранд .
Еревонӣ аз инки бархе кишварҳо дар буҳрони Украина фақат ангезаҳову аҳдофи сиёсиро дунбол мекунанд, ибрози ноумедӣ карду афзуд : Ин кишварҳо бо эҷоди як корзори зиддииттилоотӣ ва ҷанги равонӣ алайҳи Эрон талош мекунанд аз қатъномаи 2231- Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид як тафсири гумроҳкунанда ироа кардаву байни иддаоҳои беасос ва қатъномаи 2231 иртибот барқарор кунанд.