Октябр 21, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳрим, ҳимояти риёкоронаи Ғарб аз ҳуқуқи башарро ошкортар мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки таҳримҳо мардуми оддиро ҳадаф қарор медиҳад ва ба гурӯҳҳои осебпазир беш аз ҳама латма мезанад, таъкид кард, идомаи таҳрим, ҳимояти риёкоронаи Ғарб аз ҳуқуқи башарро ошкортар мекунад.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар “Твиттер” навишт: “Имрӯз дар боздид аз маркази ҳомии кӯдакони парвонаӣ, дидам, ки таҳримҳои ғайри инсонӣ чӣ ранҷҳои дарднокеро барои ин кӯдакон рақам задааст”.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳи Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа аз маркази беморон IB (парвонаӣ) боздид ва аз наздик дар ҷараёни мушкилот ва ниёзҳои онҳо ба вижа набуд понсмони мавриди ниёзи онҳо қарор гирифт.

Амирабдуллоҳиён дар бора боздидаш навишт: Бадани наҳиф ва шиканандаи парвонаҳои Эрон, ниёзманди понсмонҳое аст то сооте оромиш ба онҳо ҳадя кунад, аммо ин марҳам, солҳост, ки ба далели таҳрими Амрико ва ҳамроҳии Аврупо аз онҳо дареғ шудааст.

Вай пурсид: Оё вақти он нарасида, ки муслеҳони ҷаҳон ва низ муддаиёни ҳуқуқи башар аз худ бипурсанд, чӣ иртиботе миёни шиорҳои ҳуқуқи башарӣ ва таҳрими содироти понсмон(бинт)и беморони «IB» ва ё доруи беморони хос ба Эрон вуҷӯд дорад? Таърих аз мо хоҳад пурсид, ки дар кадом самт истодаем, оё посухе холӣ аз шарм дорем?

 

Барчасп