Паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи ҳодисаи террористӣ дар ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) Шероз
(last modified 2022-10-27T14:31:12+00:00 )
Октябр 27, 2022 19:31 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи ҳодисаи террористӣ дар ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) Шероз
    Паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи ҳодисаи террористӣ дар ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) Шероз

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: Омилони ҷинояти шақоватомез дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) яқинан муҷозот хоҳанд шуд.

Иқдоми террористии рузи чаҳоршанбе ДИИШ дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Шоҳчароғ, ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шероз маркази устони Форс ҷанбуи Эрон ба шаҳодати 15 нафар аз ҷумла 2 кудак ва захми шудани 27 нафар аз зоирон мунҷар шуд.

Дар ҳамин росто ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон рузи панҷшанбе дар паёми бо ишора ба ҷинояти шақоватомез дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) ки ба шаҳодат ва маҷруҳ шадани даҳҳо марду зан ва кудаки бегуноҳ анҷомид таъкид карданд: Омил ё омилони ин ҷинояти андуҳбор яқинан муҷозот хоҳанд шуд вале доғи азизон ва низ беҳурмати ба ҳарами муттаҳари алулибайт(а) ҷуз бо ҷустуҷу аз сарриштаи ин фоҷеъаофриниҳо ва иқдоми қотеъ ва хирадмандона дар бораи он ҷуброн нахоҳад шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки миллати азизи Эрон ва дастгоҳҳои масъул яқинан бар тавтеаи хабосатомези душманон фоиқ хоҳанд омад афзуд: Ба хонавдодаҳои ин ҳодиса мардуми Шероз ва ба ҳамаи миллати Эрон таслият мегуям ва шифои маҷруҳонро аз Худованди Мутаъол масалат мекунам.