Паёми таслияти раиси ҷумҳӯри Туркманистон
(last modified Sat, 29 Oct 2022 04:57:56 GMT )
Октябр 29, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси ҷумҳӯри Туркманистон

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар паёми таслиятӣ ба ҳамтои эронии худ шаҳодати ҷамъе аз зоирон дар ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз дар ҷануби Эронро ба вай таслият гуфт .

Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи чаҳоршанбе ба Шоҳчароғ, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо ( ъ ), дар шаҳри Шероз- маркази устони Форс ( ҷануби Эрон ) 15 нафар аз ҷумла 2 кӯдак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд .
Ин иқдоми террористӣ, ки ДИИШ масъӯлияти онро бар ӯҳда гирифт, бо маҳкумияти Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сардор Бердимуҳаммадов-раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар паёми таслияти худ ба Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт : Туркманистон бо ҳар гуна намуди тероризм ва ифротгароӣ мухолиф аст ва аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо ин шарорат ҳимоят мекунад .
Раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар ин паём бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаи террористӣ ибрози ҳамдардӣ кард ва барои маҷрӯҳон орзӯи шифои оҷил намуд .

Бештар бихонед :