Вокуниши Эрон ба талоши Амрико барои баргузории нишасти зиддэронии ғайрирасмии Шӯрои Амнияти Созмони Миллал
(last modified 2022-10-29T06:42:46+00:00 )
Октябр 29, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба талоши Амрико барои баргузории нишасти зиддэронии ғайрирасмии Шӯрои Амнияти Созмони Миллал

Намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллал дар вокуниш ба тақаллои Амрико барои баргузории нишасти ғайрирасмии Шӯрои Амнияти Созмони Миллал онро талоше барои пешбурди аҳдофи сиёсии худ ҳатто ба қимати нақзи қавонини байналмилалӣ эълом кард .

Манобеи дипломатӣ дар паи тақаллои Вашингтон барои баргузории нишасти ғайрирасмӣ дар Созмони Миллал эълом карданд, ки Амрико ба ҳамроҳи Албания дар тадовуми дахолат дар умӯри дохилии Эрон дар паи баргузории ин нишаст дар рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи баъд ҳастанд .
Манобе дипломатӣ афзуданд : Ин иқдоми Амрико вокунишӣ ба гузориши ҷомеъаи иттилоотии Эрон - Вазорати иттилоот ва созмони иттилооти Сипоҳи посдорон дар бора авомили пушти пардаи иғтишошот дар Эрон аст.
Манобеи дипломатӣ тасреҳ карданд : Амрико ба ҷои посухгуӣ ба мавориди зикршуда дар гузориши аниқи ҷомеъаи иттилоотии Эрон бо фирор ба пеш  дар ҳоли намоиши ҳимоят аз ҳуқуқи башар ба сурати гузинишӣ ва бо аҳдофи хоси сиёсӣ аст .
Намояндагии Амрико дар Созмони Миллал муддаӣ аст, ки ба дунболи роҳҳое барои тақвияти таҳқиқоти мустанаду мустақил дар бораи иғтишошоти Эрон аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк  рӯзи ҷумъа ( ба вақти маҳаллӣ ) дар вокуниш ба ахбори мунташира мабнӣ бар талоши Амрико барои баргузории нишасти ғайрирасмии Шӯрои Амнияти ин созмон дар хусӯси масоили дохилии Эрон бо интишори баёнияе таъкид кард : Бо тавваҷуҳ ба риёкорӣ, истифода аз стандарти дугонаву аъмоли гузинишии ҳуқуқи башар  иддаоҳои Амрико дар ҳимоят аз занони эрониро фребандаву орӣ аз ҳусни ният медонем .
Намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллал дар идома афзуд : Амрикову муттаҳидонаш ба таври мудовим аз чунин заминае ( созмони милал ) барои пешбурди барномаи сиёсии худ ҳатто ба қимати нақзи қавонини байналмилалӣ ва маншури Миллали Муттаҳид сӯистифода кардаанд .
Хабаргузории англисии Райтер дар паи интишори хабари якҷонибаву муғризонаи худ дар бораи нишасти ғайрирасмии Шӯрои Амният, дар интишори ҷавобияи намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон бахши марбӯт ба арзёбии ҷомеъаи иттилоотии Эрон аз нақши Амрико дар иғтишошоти ахирро ҳазф кардааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп