Интиқоди намояндаи Эрон аз руйкарди шурои амнияти Созмони Миллал дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ
(last modified 2022-10-30T04:54:19+00:00 )
Октябр 30, 2022 09:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Эрон аз руйкарди шурои амнияти Созмони Миллал дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ
    Интиқоди намояндаи Эрон аз руйкарди шурои амнияти Созмони Миллал дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал аз шурои амнияти Созмони Миллал интиқод ва таъкид кард: Руйкарди кунуни ва беамали шурои амнияти Созмони Миллал танҳо ташвиқ ва ташҷиъи режими саҳюнистӣ дар мавзуъи Фаластин мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Амирсаъиди Ированӣ дар ҷаласаи шурои амнияти созмон гуфт: Имруз мардуми Фаластин низманди ҳимояти муассир ва иқдоми қотеъ аз суи шурои амнияти ин созмон бари тавақуфи таҷовузгарӣ ва поёни ишғол ҳастанд ва танҳо изҳори ҳамдарди бо мардуми Фаластин кифоят намекунад.

Сафир ва намояндаи доими Эрон афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят аз ҳуқуқи машруъи Фаластин барои муқобила бо саркуби ва таҳоҷуми ин режими нажодпарасти саҳюнистиро вазифаи худ медонад ва онро дар ҷиҳати ҳаққи таъини сарнавишт дониста ва таъкид мекунанд ин амри ҷузи сиёсатҳои усули Эрон то замоне, ки ишғол поён ёбад хоҳад буд.

Иравонӣ ҳамчунин гуфт: Шароит дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бадтар шуда аст.

Сафир ва намояндаи додими Эрон афзуд: Режими саҳюнистӣ ҳамчунон бар равияҳои нажодпарастии худ шомили тавсеаталаби, саркуби, нақзи системаи ҳуқуи фаластиниён аз тариқи куштори мардуми бегуноҳ аз ҷумла занон ва кудакон ва дуздидан ва тахриби амволи мардуми Фаластин ва ихроҷ аз хонаҳояшон таъкид дорад.