Октябр 30, 2022 19:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон
    Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон рӯзи якшанбеи 8 обонмоҳ, тайи сафаре дурӯза барои ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, ба ин кишвар сафар кард.

Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар, бо ҳузури ҳайате аз мақомоти расмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар баргузор мешавад.

Дар ҳамин робита Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон рӯзи якшанбе, 8 обонмоҳ, тайи сафаре дурӯза барои ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, ба Тоҷикистон сафар кард.

12 меҳрмоҳи 1401 буд, ки хонум Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ҳафтаи фарҳангии ин кишвар ба Эрон омад ва ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шуд.

Баргузории мутақобили ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Эрону Тоҷикистон пас аз 14 соли вақфа дар равобити фарҳангӣ сурат мегирад.

Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, ки бо ҳузури ҷамъе аз аҳолии фарҳангу ҳунари Эронзамин баргузор хоҳад шуд, қарор аст бархе аз зарфиятҳо, тавлидот, дастовардҳо ва тавонмандиҳову халлоқиятҳои ҳунармандони Эрони исломӣ дар арсаҳои мухталифи ҳунарии таҷассумӣ ва мусиқӣ ба намоиш дарояд.