Октябр 31, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳодисаи Шероз айниятбахшии ҳадафи душман барои эҷоди ноамнӣ ва ихтилол дар зиндагии мардум буд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳодисаи талхи Шерозро айният ёфтани бахше аз ҳадафи душман дар эҷоди ноамнӣ ва ихтилол дар зиндагии мардум аз тариқи нооромӣ, фитнагарӣ ва террор донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлат бо таслияти шаҳодати ҷамъе дар ҳодисаи террористӣ дар ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғи Шероз, аз ҳузури пуршукӯҳи мардум дар ойини ташйиъ ва такрими мақоми ин шаҳидон дар шаҳрҳои мухталиф қадрдонӣ кард .
Раиси ҷумҳӯри Эрон ҳодисаи талхи Шерозро айният ёфтани бахше аз ҳадафи душман дар эҷоди ноамнӣ ва ихтилол дар зиндагии мардум аз тариқи нооромӣ, фитнагарӣ ва террор донист ва бо ишора ба афзоиши нафрати умумӣ нисбат ба террористҳову иғтишошгарон афзуд : Масъӯлон мукаллаф ҳастанд ҳамаи талоши худро барои ҳифзи оромишу амнияти кишвар ва хизматрасонӣ ба мардуму рафъи мавонеъӣ ки монеъи касбу кор ва таҳсилу зиндагии рӯзмарраи онон мешавад, ба кор гиранд .
Раисӣ паёми ҳузури мардум дар хиёбонҳои Шероз ва дигар шаҳрҳои Эронро илова бар маҳкӯмияти ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ, муқобилаи қотеъ бо террористҳо ва таъмину тазмини амнияти кишвар донист .
 

 

Барчасп