Вазири иттилооти Эрон хабар дод : Омили дувуми ҷинояти террористии Шероз дастгир шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i93382-Вазири_иттилооти_Эрон_хабар_дод_Омили_дувуми_ҷинояти_террористии_Шероз_дастгир_шуд
Вазири иттилооти Эрон аз дастгирии омили дувуми иқдоми террористии Шоҳчароғ ( ъ ) тавассути сарбозони гумноми Имоми замон ( аҷ ) хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2022 12:51 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон хабар дод : Омили дувуми ҷинояти террористии Шероз дастгир шуд

Вазири иттилооти Эрон аз дастгирии омили дувуми иқдоми террористии Шоҳчароғ ( ъ ) тавассути сарбозони гумноми Имоми замон ( аҷ ) хабар дод .

Ба гузориши родиёи тоҷикии Садои Хуросон,ҳуҷҷатилислом Сайидисмоили Хатиб-вазири иттилооти Эрон дар нуҳумин ҳамоиши миллии падофанди ғайриомил бо гиромӣдошти ёду хотираи шуҳадои ҷинояти террористии Шероз ва табрики бистумини солгарди таъсиси Созмони падофанди ғайриомил гуфт : Ба далели риояти иқдомоти падофандӣ дар Шероз шаби гузашта сарбозони гумноми Имоми замон ( аҷ ) муваффақ шуданд омили дувуми иқдоми террористии Шоҳчароғ ( ъ )-ро дастгир кунанд . Хатиб бо баёни инки амният бар ҳар чизе бартар будаву зерсохт ва пояи ҳамаи умӯри кишвар аст, таъкид кард : Ончӣ ки ин амниятро таҳдид кунад аз авлавиятҳое аст, ки бо он бархӯрд мешавад . Вазири иттилооти Эрон тасреҳ кард : Ҳар куҷо ки мавзӯи амният матраҳ мешавад бояд ҳамаву тамоми тавонро дар ҷиҳати густаришу пойдории он ба кор гирифт.