Таҳлил: Таҳрими 10 шахсу 4 ниҳоди амрикоӣ аз ҷониби Эрон - иқдоме мутақобилу намоиши азми Теҳрон барои муқобила бо Вашингтон
(last modified 2022-11-01T14:35:41+00:00 )
Ноябр 01, 2022 19:35 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Эрон зидди Амрико
    Таҳрими Эрон зидди Амрико

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи душанбе дар баёнияе аз таҳрими теъдоде аз ашхос ва ниҳодҳои амрикоӣ хабар дода ва 10 фарду 4 ниҳоди амрикоиро дар листи таҳримии худ қарор дод.

Дар ин баёния омадааст: Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ашхос ва ниҳодҳои зерро ба далоили иртикоби фаъолиятҳои зидди ҳуқуқи башарӣ, дахолат дар умури дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон, тарвиҷи хушунату иғтишош дар Эрон, таҳрику ташвиқи иқдомоти террористӣ, муқобила бо талошҳову фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар мубориза бо терроризм ва дар ниҳоят афзоиши фишор бар миллати Эрон, ки мисдоқи терроризми иқтисодӣ аст, таҳти таҳрим қарор медиҳад.

Дар листи афроди таҳримшуда мақомоте чун Майкл Курилла, фармондеҳи Ситоди фармондеҳии артиши Амрико дар минтақа (Сентком), Григорий Гилот, муовини фармондеҳии Сентком, Скотт Десормикс, фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Эрбили Ироқ, Хуан Зороте, раиси маркази қудрати моливу иқтисодӣ дар бунёди Дифоъ аз демократияҳо ва муассисаи Американ Антрпрайз, Марк Волос, мудири иҷроии пойгоҳи иттиҳод алайҳи Эрони ҳастаӣ, Вали Адимо, муовини иҷроии вазири хазонадории Амрико, Алексей Гринквик, фармондеҳи пойгоҳи нуҳуми неруи ҳавоии Амрико, Анне Нюбергер, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳавзаи кибернетикӣ ва фанновариҳои навзуҳур, Исаак Ҷонсон, фармондеҳии умури маданӣ ва амалиёти равонии артиши Амрико ва Браян Нелсон, муовини иттилооти молӣ ва терроризми хазонадории Амрико қарор гирифтаанд.

Иқдоми Эрон дар таҳрими ин мақомот ва ниҳодҳои амрикоӣ дар ростои муқобила бо мудохилаи мустақими Амрико дар умури дохилии Эрон ва мушорикат дар эъмоли таҳримҳо алайҳи мардуми Эрон ва низ ба андозаи муқобилаи бамисл бо рӯйкарди таҳримии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирифтааст. Амрико дар пайи иғтишошоти ахир дар Эрон зимни судури баёнияҳову изҳороти мудохилаҷӯёна дар чанд навбат иқдом ба таҳрими ашхос ва ниҳодҳои эронӣ кард.

Амрико ба унвони саркардаи блоки Ғарб на фақат бо эъмоли анвои таҳримҳо дар қолаби корзори фишори ҳаддиаксарӣ аз давраи Трамп рӯйкарди доман задан ба нооромиҳои иҷтимоӣ бо эъмоли фишорҳои иқтисодӣ ба Эронро дунбол карда, балки ҳар аз чанд гоҳе ки баҳонае барои мудохила дар умури дохилии Эрон ёфтааст, монанди нооромии обони 1398 ба баҳонаи гарон шудани бензин ва ё нооромиҳои соли 1388 ба баҳонаи эътирозот ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳаддиаксари саъйи худ барои ташвиқу ҳимоят аз ошӯбгарону касоне, ки даст ба иқдомоти хушунатомез ва ё тахриби амволи умумӣ мезанандро ба кор бурдааст. Бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар муҷиб шуд то Вашингтон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умури дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чӣ бештари ошӯбҳо истифодаи намояд. Амрико талош кард то бо додани ваъдаҳое дар бораи рафъи таҳримҳо алайҳи фазои маҷозӣ ва интернет ва низ мавзегириҳои мудохилаҷӯёна, ба гумони худ ба ин иғтишошот доман бизанад. Нуктаи шигифтангез ин ки Иёлоти Муттаҳида, ки беш аз чиҳил сол аст, ки Эронро мавриди таҳрим қарор дода ва аз давраи Трамп дар чорчӯби корзори фишори ҳаддиаксарӣ шадидтарину золимонатарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон ба мавриди иҷро гузошта ва акнун муддаии дилсӯзӣ барои эрониён шуда ва аз коҳиши бархе таҳримҳо сухан гуфтааст. Масъалае, ки ҳатто мавриди тамасхури коршиносони амрикоӣ қарор гирифтааст. Гленн Гринвоулд, нависандаву рӯзноманигори матраҳи амрикӣе мегуяд: «Ҳар касе бо ақли салим, ки заррае баёнияҳои Вашингтон мабнӣ бар нигаронӣ ё хашм аз саркӯб ё дифоъ аз ҳуқуқи сиёсии мардум дар соири кишварҳоро ҷиддӣ мегирад, дар беҳтарин ҳолат ба тарзи боварнакарданӣ содалавҳ аст».

Акнун Эрон бо иқдоми мутақобил дар муқобили Амрико нишон дода, ки на фақат аз таҳдидоту иқдомоти барандозонаи Вашингтон натарсид, балки дар ибтикори амали мисолзаданӣ он даста аз мақомот ва ниҳодҳои амрикоиро дар иқдом алайҳи Эрон мустақиман мушорикат доранд, мавриди таҳрим қарор додаву ба ин тартиб азми ҷиддии худ барои муқобилаи ҳамаҷониба бо сиёсатҳо ва иқдомоти истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрикоро ба ҷойгоҳи зуҳур расонидааст.

 

Барчасп