Ноябр 04, 2022 18:21 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Эрон дар минтақа нуфуз дорад
    Раисӣ: Эрон дар минтақа нуфуз дорад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ки миллати бузурги Эрон бо инқилоби шукӯҳманди худ мубориза бо истибдоду истеъморро дар дастури кор қарор дод, гуфт: Ҳеҷ муодилае бидуни назари мувофиқи Эрон дар минтақа рақам намехӯрад.

Имрӯз (ҷумъа), сенздаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2022) - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз - ҷумъа дар иҷтимои азими мардумии Рӯзи миллии мубориза бо истикбор дар Теҳрон бо баёни ин ки имрӯз намоду намуди истикбори низоми султа ҳоким бар Амрикост, гуфт: Амрико имрӯз хуб медонад, Эрон дар минтақа нуфуз дорад ва ҳеҷ муодилае бидуни назари мувофиқи Эрон дар минтақа рақам намехӯрад.

 

Барчасп