Ноябр 06, 2022 10:46 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ бо мушкилоти  иқтисодӣ ва сиесӣ муваҷаҳ  шуда аст
    Режими саҳюнистӣ бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиесӣ муваҷаҳ шуда аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори муъовини вазири хориҷаи давлати Фаластин режими саҳюнистиро дар шароите донист, ки дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ бо мушкилоти чандлоҳияи иқтисодӣ ва сисӣ муваҷаҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Умар Авазуллоҳ, муъовини вазири хориҷаи давлати Фаластин дар ҳошияи нахустин нишасти ҳамоҳанг кунандаи миллии гуруҳи дустони дифъо аз маншури миллали муттаҳид дар Теҳрон бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиен, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугу кард.

Вазири хориҷаи Эрон дар ин дидор мавзуъи Фаластин ва иқдомоти мухариби режими саҳюнистиро аз мавзуъоти муҳим донист, ки дар суханронии ифтитоҳияи нахустин нишасти ҳамоҳангкунандаи миллии гуруҳи дустони дифоъ аз маншури миллали муттаҳид мавриди таваҷуҳ қарор гирифт ва дар баенияи поени низ ба он пардохта шуда аст.

Умар Авазуллоҳ муъовини вазири хориҷаи давлати Фаластин низ дар ин дидор аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми Фаластин қадрдони кард. Амир Абдуллоҳиен дар ин дидор зимни ишора ба сатҳи олии равобити сиеисии ду кившар бар лузуми рушди муносиботи ду кившар дар ҳавзаи иқтисодӣ таъкид кард. Вазири хориҷа ҳамчунин аз ирсоли паеми таслият ва ҳамбастагии раиси ҷумҳурӣ муъовини раиси ҷумҳур бо давлат ва миллати Эрон ба муносибати ҳодисаи террористии Шоҳчароғ қадрдонӣ кард.

Муҳаммади Лаштар низ ин дидор зимни истиқбол аз ибтикори амали Эрон дар баргузории нишасти олирутбаи гуруҳи дустони дифоъ аз маншури миллали муттаҳид бар алоқамандии Никорогое барои рушди равобити ҳамаҷониба бо Эрон ба вижа дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кард.

Барчасп