Вокуниши Канъонӣ ба изҳороти Раиси Ҷумҳӯри Озарбойҷон
(last modified Wed, 09 Nov 2022 04:57:08 GMT )
Ноябр 09, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ размоиши ахир дар марзҳои Арманистон ва Ҷумҳӯри Озарбойҷонро иқдоми маъмули ва барномарези шуда донист
    Канъонӣ размоиши ахир дар марзҳои Арманистон ва Ҷумҳӯри Озарбойҷонро иқдоми маъмули ва барномарези шуда донист

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири Илҳом Алиев Раиси Ҷумҳӯри Озарбойҷон дар хусуси ҳимояти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз Арманистон изҳор дошт: Сиёсати усулии Теҳрон бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ ва густариши равобит бо ҳама ҳамсоягон устувор аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Носири Канъонӣ бо ишора ба сиёсати усулии  Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар қиболи муноқишаи тӯлонии ду ҳамсояи шимолӣ дар минтақаи Қарабоғ хотирнишон кард: Теҳрон ҳамвора бар ҳифзи тимомияти арзӣ ва ҳалу фавсли мусолеатомези ихтилофи байни Ҷумҳӯриҳои Арманистон ва Озарбойҷон, бо риояти ҳақ ва дар чорчӯби ҳуқуқи байналмиллалӣ таъкид карда ва аз инрӯ ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро маҳкум ва аз озодсозии он дар болотарин сутуҳ ҳимоят кардааст.

Канъонӣ размоиши ахир дар марзҳои Арманистон ва Ҷумҳӯри Озарбойҷонро иқдоми маъмули ва барномарези шуда донист, ки аз маҷорӣ расми низ қабл аз баргузори ба иттилоъи ҳамсоягони зерррабт расидааст.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард: Масири ҳали мушкилоти Қафқоз на муроҷиа ба нерӯҳои фароминтақаӣ, балки аз пойтахти кишварҳои минтақа мегузарад ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон муҷаддадан омодагии худро барои кумак ба ҳалу фасли масоъили боқимонда миёни ду ҳамсояи шимолӣ, дар қолабҳои дуҷониба, сеҷониба ва ибтикори минтақаии 6 ҷониба дар Теҳрон эълом мекунад.

Бештар бихонед: