Сентябр 14, 2024 13:44 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон: Иттиҳодияи Аврупо аз иттиҳомзанӣ ба Эрон парҳез кунад

Сухангӯи вазорати умури хориҷа гуфт, Иттиҳодияи Аврупо аз иттиҳомзании мубтанӣ бар иттилооти ғалат парҳез кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба иттиҳомзании намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо ба Эрон ба баҳонаи иддаои дахолати Эрон дар муноқишаи Украина, эълом кард, ҳар гуна иддаое мабнӣ бар фуруши мӯшакҳои баллистик ба Русия аз суи Эрон аз асос кизб аст.

Канъонии Чофӣ бо ҳушдор дар бораи исрори бархе тарафҳо ба идомаи иттихози мавозеъ, изҳороту баёнияҳои мухарриби зидди Эрон, тавсия кард, Иттиҳодияи Аврупо аз иттиҳомзании мубтанӣ бар иттилооти ғалат, парҳез кунад.

Вай дар бораи рӯйкарди мухарриби ғарбиҳо ба истифода аз силоҳи мансӯхи таҳрим низ тасреҳ кард, муттаассифона бархе тарафҳои ғарбӣ эътиёд ба вазъи таҳрим доранд, масире, ки на танҳо кумакӣ ба ҳали мушкилот намекунад, ки худ, бахше аз мушкил буда ва бо посухи Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бо вуҷӯди эъломи мавзеи расмии Эрон дар хусӯси ҷанги Украина ва таъкид бар роҳкорҳои мусолиматомез барои ҳалли муноқиша, Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар иқдоме ғайрисозанда, ончиро, ки интиқоли мӯшакҳои баллистики сохти Эрон ба Русия хонд, маҳкӯм кард.

Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа (13 сентябр) бо судӯри баёнияи зидди эронӣ, бо такя бар иддаоҳои исбот нашуда, эълом кард, интиқоли мӯшакҳои баллистики сохти Эрон ба Русия як таҳдиди мустақим барои амнияти Аврупо аст ва нишондиҳандаи ташдиди моддии асосӣ аз таҳияи паҳподҳо ва муҳимоти эронӣ аст, ки Русия дар ҷанги таҷовузкоронаи ғайриқонӯнии худ зидди Украина аз онҳо истифода кардааст.

 

Барчасп