Ноябр 09, 2022 20:51 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Теҳрон барои ифои нақши миёнҷигар байни Маскав ва Киев
    Омодагии Теҳрон барои ифои нақши миёнҷигар байни Маскав ва Киев

Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе бо Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор Шамхонӣ таъкид кард, Эрон аз ҳар гуна ибтикоре барои оташбасу сулҳ байни Русияву Украина аз тариқи гуфтугӯ ҳимоят кардаву омодаи нақшофаринӣ барои поёни ҷанг аст.

Вай ҳамчунин бо ишора ба шароити минтақаӣ ва ҷаҳонӣ роҳи бурунрафт аз буҳронҳову чолишҳои мавҷудро гуфтугӯ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ донист.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия низ дар мавриди буҳрони Украина гуфт, императории расонаии Ғарб аз ибтидо бо ворунанамоии ҳақоиқ, талоши густардаеро барои эҷоди инҳироф дар афкори умумии ҷаҳонӣ нисбат ба чигунагии оғози буҳрони Украина ва воқеиятҳои майдонии он дар дастури кори худ қарор додааст.

Эъломи омодагии Эрон барои нақшофаринӣ ба манзури поёни ҷанги Русия ва Украина бо тавваҷуҳ ба мавзеи усулии Теҳрон дар ин замина сурат гирифтааст. Мақомоти аршади Эрон, ба вижа Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон борҳо бар омодагии Теҳрон барои ифои нақши миёнҷигар байни Маскав ва Киев ба манзури расидани ду тараф ба тавофуқе барои хотима додан ба ҷанги Украина, ки то кунун хисороти моддиву инсонии бисёре бар ҷой ниҳодааст, таъкид кардаанд. Мавзеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи ҷанги Украина таваққуфи он ва бозгашти тарафайн ба музокира аст.

Эрон аз оғози ҷанги Украина бар лузуми дастёбии Русияву Украина ба роҳи ҳалле сиёсӣ барои ҳаллу фасли ихтилофот ва гуфтугӯ дар ин замина таъкид кардааст. Албатта Теҳрон гомҳои амалӣ низ дар ин арса бардоштааст. Дар ин росто Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар 9 шаҳривар (31 август) роҳии Маскав - пойтахти Русия шуд то дар бораи ҷанги Украин ва миёнҷигарии Теҳрон бо мақомоти рус, аз ҷумла Сергей Лавров, вазири хориҷаи ин кишвар дидор кунад.

Амирабдуллоҳиён дар хусуси аҳдофаш аз сафар ба Русия изҳор карда буд, ки ҳадафи аслӣ аз сафар ба Маскав талош барои ҳалли буҳрони Украина бар асоси дархости баамаломада аз Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Бархе тарафҳои ғарбӣ хоҳони нақшофаринии фаъоли Теҳрон дар ин мавзуъ ҳастанд.

 

Барчасп