Июн 16, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Раиси камиссяи Аврупо: Афзоиши қимати энержӣ ва маводи ғизои ноши аз ҷанги Украина аст
    Раиси камиссяи Аврупо: Афзоиши қимати энержӣ ва маводи ғизои ноши аз ҷанги Украина аст

Арсело Фундерлайн раиси камиссияи Аврупо, гуфт ки афзоиши ҷаҳонии қимати энержӣ ва маводи ғизои ноши аз даргирии дар Украина аст.

Ба гузориши Тасс, Фундерлайн дар ифтитоҳияи конфаронси Украина ки дар Швейтсария баргузор мешавад, афзуд: Қимати энержӣ ва маводи ғизоӣ ба шиддат афзоиш ёфта аст ва ин як достони омузанда барои кулли ҷаҳон аст.

Швейтсарияи мизбони конфаронс дар бораи Украина дар шаҳри тафреҳии Бургнсток аз 15 то 16 июн аст. Берн беш аз 160 ҳайат аз ҷумлаи кишварҳои гуруҳи 20, гуруҳи 7 ва БРИКС-ро даъват кардааст. Бо ин ҳол баргузоркунандагон пеш аз ин нишаст эълом карданд ки ҳайатҳо аз суи ҳамаи кишварҳо эъзом нашудаанд ва сарони панҷоҳупанҷ кишвар барои ширкат дар ин нишаст ба Шветсария сафар кардаанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Венесуэла, Миср, Эрон, Чин, Кубо, Никарагуа, Покистон, Сурия, Этиупия ва бисёре аз кишварҳои дигар низ дар ин нишаст ширкат накардаанд.

Барчасп