Ҳушдори сарлашкар Саломӣ: Қатъан оромиши душманонро хоҳем гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i93848-Ҳушдори_сарлашкар_Саломӣ_Қатъан_оромиши_душманонро_хоҳем_гирифт
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон бо баёни ин ки ҷиноятҳои душман бепосух нахоҳад монд ва бояд тақос (товон)-и хуни шаҳидонро бидиҳанд, гуфт: Онҳо тарсидаанду мураттаб ба мо пайғом медиҳанд, ки назанед.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Ин бор ҳам душманонро бо иштибоҳи худашон шикасташон медиҳем
    Сарлашкар Саломӣ: Ин бор ҳам душманонро бо иштибоҳи худашон шикасташон медиҳем

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон бо баёни ин ки ҷиноятҳои душман бепосух нахоҳад монд ва бояд тақос (товон)-и хуни шаҳидонро бидиҳанд, гуфт: Онҳо тарсидаанду мураттаб ба мо пайғом медиҳанд, ки назанед.

Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар маросими ёздаҳумин солгарди шаҳодати сардор Ҳасани Теҳронимуқаддам, фармондеҳи ягони мушакии Сипоҳ, ки субҳи имрӯз (ҷумъа) дар “Биҳишти Заҳро” ва дар ҷавори мазори ин шаҳид баргузор шуд, бо ишора ба пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Душманон ин рӯзҳо орзӯҳояшонро ба ҳам гиреҳ заданд ва ба хаёли худашон ҳамаи роҳҳоро бастанд, аммо суратҳояшон ба санг хӯрд, миллати Эрон мутаваққиф нашуда ва дар ҳоли ҳаракат аст.

Фармондеҳи кулли Сипоҳ бо баёни ин ки душман талош дорад Эронро дар даруни кишвар даргир кунад ва нигоҳи моро аз уфуқҳои баланд ба қалби Теҳрон маътуф намояд, афзуд: Дар ин шароит зиддиинқилобро дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳадаф қарор додем, дар каронаи рӯди Арас размоиши бузург баргузор кардем, моҳворабар партоб кардем, сомонаи мушакии “Бовар – 373” -ро дар бурди 300 километр озмоиш кардем ва рӯзи гузашта ҳам эълом кардем, ки мушаки ҷадидеро тавсеа додем, ки ҳеҷ сипари мушакӣ тавони муқобила бо онро надорад.

Сарлашкар Саломӣ таъкид кард: Ба душманон гуфтем, оромишатонро мегирем, қатъан оромишашонро хоҳем гирифт. Акнун чанд шабонарӯз аст, ки оромиш надоранд ва ба ҳолати омодабош даромадаанд. Онҳо тарсидаанду мураттаб ба мо пайғом медиҳанд, ки назанед. Аз тариқи чанд кишвар ба мо паём медиҳанд, ки назанед.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки ҷиноятҳои душман бепосух нахоҳад монд ва бояд тақоси хуни шаҳидонро бидиҳанд, изҳор дошт: Ҳамеша душман бар асоси иштибоҳоти худаш худро мешиканад, ин бор ҳам бо иштибоҳи худашон шикасташон медиҳем.