Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Тавони мушакии Эрон бумӣ ва боздоранда аст
-
Хатиби намози ҷумъаи Эрон ҳадаф аз сохти мушаки пешрафтаро қудрати боздорандагӣ унвон кард
Хатиби ҷумъаи Эрон гуфт, бумисозии санъати мушакии Эрон қудрати боздорандагии Ҷумҳурии исломиро ба ҳамроҳ доштааст.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайиди Муҳаммадҳасани Абутуробифард, хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон шаҳид Ҳасани Теҳронимуқаддам, фармондеҳи ягони мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро чеҳраи фохир, барҷаста, шохису дурахшони мушакии Эрон хонду гуфт: Сохти мушаки боллистики қобили контролу манёврпазир дар дохилу хориҷ аз ҷавви замин, бо қобилияти убур аз тамоми сомонаҳои сипари мушакии мавҷуди имрӯзи ҷаҳон, бидуни тардид нуқтаи атфе дар сохти дарунии қудрату иртиқои қудрати дифоии боздорандаи Ҷумҳурии исломии Эрон дорад.
Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар идома ҳамчунин бо таъкид бар зарурати ҳушёрии ақшори мухталифи мардум дар мувоҷеҳа ба ҳарбаҳои тафриқаафканонаи душманон гуфт, агар мебинед дар баробари императории расонаӣ ва ҷанги таркибии густохонаи низоми султа метавонем масири амнияту ҳаракати низомро ҳамвор кунем, дар сояи бедорӣ ва огоҳии миллату донишгоҳиёну донишҷӯёну ҷавонон ва неруҳои муқтадире аст, ки дар хидмати низом талош мекунанд.