Омодагии падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муқобила бо таҳдидоти ҳавоӣ
(last modified Sat, 12 Nov 2022 12:55:48 GMT )
Ноябр 12, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муқобила бо таҳдидоти ҳавоӣ

Муовини тарҳ ва барномаи нерӯи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, неруи падофанд тавониста то ҳадди бисёри хубе худашро дар муқобила бо таҳдидоти ҳавоӣ муҷаҳҳаз кунад.

Генерал Меҳдии Сақафифар, муовини тарҳу барномаи нерӯи падофанди ҳавоии артиш гуфт, дар падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон сомонае сохта шуда, ки коркарди « ҷангандаҳои пинҳонкор»-ро бе асар ё камасар мекунад.

Вай афзуд, дар ҳавзаи паҳподӣ иқдомоти бисёр муҳимме дорем, ки хабарҳои онро дар ояндаи наздик расонаӣ хоҳад шуду нишон хоҳем дод, ки лабаи фанновариҳое, ки дар дунё вуҷӯд дорад, дар ин платформҳо ниҳодина ва ба кор гирифта мешаваду нерӯи падофанди ҳавоии артиш нақши муассиру басазои худро ба гӯнае бозӣ хоҳад кард, ки душманонро аз ҳар гӯна андешаи нодуруст мунсариф кунад.

Генерал Меҳдии Сақафифар ҳамчунин гуфт, туби лейзерӣ, ба сомонаҳои таркибӣ ва сирч (радгире), ки битавонад резпарандаҳоро дунбол ва тарк кунад ва дар ниҳоят бо лейзер битавонем онҳоро соқит кунем, даст пайдо кардем.

Вай хотирнишон кард, мутолиъоти марбӯт ба фази вуруд ба фазоро дар артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар падофанд, анҷом додаем ва бахше аз зерсохтҳоро омода кардаем.