Декабр 10, 2016 09:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гутерреш ба нақши Эрон дар суботи минтақа ва ҷаҳон

Дабири кулли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид ба нақши муҳими Эрон дар ҷомеаи байналамилалӣ, бавижа минтақаи Ховари Миёна таъкид кард.

Ба гузориш ИРНА, Антунио Гутерреш, дабири кулли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Ғуломалӣ Хушрӯ, сафир ва намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал бо қадрдонӣ аз сиёсатҳои ҳимоятии Эрон дар мавриди паноҳандагон гуфт, ҳадафи аслияш ба унвони дабири кулли ҷадиди Созмони Милал ҳалли буҳрон ва талош барои коҳиши ранҷу алами инсонҳост.

Гутерреш қарор аст, аз ибтидои соли 2017 ба унвони дабири кулли Созмони Милал дар ин ниҳод оғоз ба кор кунад.

Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милал низ дар ин дидор гуфт, мавозеи бетарафона, содиқона ва инсонии дабири кулли ҷадиди ин созмон ба таври қатъӣ боиси муваффақият дар вазоифаш дар қиболи ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Хушрӯ решаи буҳронҳои минтақаиро идомаи хушунату ифротгароӣ дониста таъкид кард, Эрон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар густариши сулҳу субот дар минтақа ҳеҷ кӯшишеро дареғ намедоранд. Намояндаи Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин мусаввабаи ахири Конгресси Амрикоро зидди Эрон мухолиф ба тааҳҳудоти ин кишвар дар БАРҶОМ хонда афзуд, тавофуқи ҳастаӣ натиҷаи музокироти фишурда бо аъзои доимии Шӯрои амният аст ва на танҳо ҳама тарафҳо, балки ҳама аъзои Созмони Милал мутааҳҳид ба иҷрои он ҳастанд.

 

Барчасп