Ноябр 19, 2022 10:00 Asia/Dushanbe
  • Рушди 55 дарсадии тиҷорати Эрону Маҷористон

Вазири умӯри иқтисодӣ ва дороӣ аз рушди 55 дарсадии тиҷорати байни Эрону Маҷористон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, санади протоколи сеюмин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Маҷористон ба имзои  Сайидэҳсони Хондузӣ-вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Питер Сёрто-вазири хориҷаи Маҷористон расид .
Ду тараф бар рушди 55 дарсадии мубодилоти тиҷории Эрону Маҷористон дар фосилаи иҷлоси дувум ва сеюми Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд, ки нишондиҳандаи аҳамияти ин комиссиюн аст .
Ҳамчунин дар ҳавзаи кишоварзии ду кишвар тавофуқҳои муҳимме доштанд, ки қарор шуд се санади ҳамкорӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ, беҳдошти чорво ва карантинаи гиёҳӣ дар ояндаи наздик имзо шавад .
Дар ҳавзаи табодули донишҷӯ низ бо тавваҷуҳ ба тавофуқоти қаблӣ Маҷористон ، барои додани 100 квота ба донишҷӯёни эронӣ тавофуқ карда буд, ки то кунун беш аз 600 донишҷӯ дархости истифода додаанд .
Сайидэҳсони Хондузӣ барои ширкат дар сеюмин Комиссиюни муштараки Эрону Маҷористон ба Будапешт рафт .
Хондузӣ дар шабакаи иҷтимоии худ навишт : Барои дуюмин бор таи як сол комиссиюни иқтисодии Эрону Маҷористон ба унвони узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд, ки рушди 55 дарсадии тиҷорати ду кишвар хабари хубе буд.

 

Барчасп