Ноябр 20, 2022 09:43 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди беш аз 2.7 миллион тонна фулод дар Эрон
    Тавлиди беш аз 2.7 миллион тонна фулод дар Эрон

Эрон беш аз 2.7 миллион тонна фулод дар моҳи сентябр тавлид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон созмони тавсия ва навсозии маъданҳо ва саноати маъдании Эрон дар гузорише эълом кард тавлиди фулоди Эрон дар моҳи сентябр ба беш аз 2.7 миллион тонна расид, ки Ҷумҳурии Исломӣ 1.1 миллион тоннаи онро ба бозор содир кард.

Бар асоси ин гузориш Эрон дармоҳи сентябр 40 дарсад тавлидоти фулоди худро рузона бозорҳои содироти карда аст то битавонад дар нишасти тавлид ба содироти фулод ҷойгоҳи болотар аз бозаргони ҷаҳонии фулод касб кунад.

Дар ин гузориш омада аст Чин, ки мақоми аввали тавлиди ҷаҳонии фулодро дар ихтиёр дорад дар моҳи сентябр наздик ба 6.2 миллион тонна фулод содир кард, ки нисбат а тавлид 86.9 миллион тонна муъодили 7 дарсад аст.

Ҳинд ба унвони дувумин тавлидкунандаи фулоди дунё дар моҳи сентябри имсол наздик ба 800 ҳазор тонна фулод содир кард, ки нисбат ба тавлид 9.9 миллион тонни муъодили 8 дарсад тавлиди ин кишвар аст.

Ҷопон ба унвони севумин тавлидкунандаи фулод дар моҳи сентябр 2.4 миллион тонна фулод содир кард ва 7.2 миллион тонна фулод тавлид дошта аст.

 

Барчасп