Раисӣ дар дидори нахуствазири Беларус: Тақвияти равобити кишварҳои мустақил аз роҳкорҳои муассир дар бурунрафт аз таҳримҳост
(last modified 2022-11-23T12:29:01+00:00 )
Ноябр 23, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрону Белорус
    Ҳамкории Эрону Белорус

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо нахуствазири Беларус тақвияти равобити кишварҳои мустақил аз роҳкорҳои муассир дар бурунрафт аз таҳримҳо донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидори Роман Главченко, нахуствазири Беларус бо баёни ин ки равобити ду кишвар ҳамвора дӯстона буда ва дар мулоқоти ахири сарони ду кишвар бар густариши ҳамкориҳои фимобайн таъкид шудааст, гуфт: Тавсеаву тақвияти иртиботи кишварҳое, ки ба далели талош барои ҳифзи истиқлоли худ таҳти таҳримҳои золимона қарор гирифтаанд, аз роҳкорҳои муассири хунсо кардан ва бурунрафт аз таҳримҳо аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва бесобиқа пешрафтҳои чашмгире дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла дар заминаи иқтисодӣ доштааст, афзуд: Имрӯз Эрону Беларус зарфиятҳои мутанаввеъ ва чашмгире барои тавсеаи таомулот бо якдигар доранд.

Раисӣ ҳамчунин гуфт, иродаи ҷиддии сарони ду кишвар барои иртиқои сатҳи равобити фимобайн метавонад мавонеи эҳтимолӣ бар сари роҳи густариши таомулотро бартараф кунад.

Роман Главченко, нахуствазири Беларус низ дар ин дидор бо баёни ин ки рӯйкарди Ҷумҳурии исломии Эрон барои тақвияти таомулоти минтақаӣ, чашмандози ҷадиде пешорӯйи иртиқои сатҳи равобити ду кишвар эҷод кардааст, гуфт: Равобити ду кишвар ҳамвора дӯстона будааст ва Теҳрону Минск дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамкориҳои созандае доштаанд.

Нахуствазири Беларус афзуд, имрӯз ҳамоҳангии сиёсӣ миёни ду кишвар дар болотарин сатҳ будаву замони густариши равобити иқтисодӣ фаро расидааст.

 

Барчасп