Вокуниши Меҳдии Торемӣ ба суолоти ҷиҳатдори хабарнигорон
Муҳоҷими тими миллии футболи Эрон ба суолоти ҷиҳатдору сиёсии хабарнигорон вокуниш нишон дод.
Меҳдии Торемӣ, муҳоҷими тими миллии футболи Эрон дар гуфтугӯ бо дурбини ихтисосии ФИФА ба суолоти мудовими хабарнигорон дар мавриди масоили сиёсиву вазъияти дохилии Эрон вокуниш нишон дод.
Бо шуруи Ҷоми Ҷаҳонӣ, расонаҳои ғарбӣ ахбори нодурусту ҷиҳатдореро алайҳи Эрон ва тими миллии футбол мунташир мекунанд.
Ҷанни Инфантино, раиси Федератсияи Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) пеш аз оғози мусобиқоти футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2022-и Қатар аз ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда хоста буд, қавонини ин федератсиюн барои сиёсӣ накардани мусобиқотро риоят кунанд.
Торемӣ, муҳоҷими тими миллии футболи Эрон дар мусоҳиба бо дурбини ихтисосии ФИФА дар посух ба суолоти ҷиҳатдори яке аз хабарнигорон гуфт, на сиёсӣ ҳастам ва на мехоҳам ба суолоти шумо посух бидиҳам.
Муҳоҷими тими миллии футболи Эрон афзуд: Дар Ҷоми Ҷаҳонӣ ҳастам то футболбозӣ кунам ва аз футбол лаззат бибарам.
Муҳоҷими тими миллии футболи Эрон ҳамчунин гуфт: Намедонам чаро доимо суолоти сиёсӣ дар бораи Эрон мепурсед ва дар бораи ҷанги Украина суол намекунед.