Эътирози Федерасиюни футболи Эрон ба ФИФА дар бораи шайтанати амрикоиҳо дар тағйири намоди парчами Эрон
(last modified 2022-11-27T13:03:55+00:00 )
Ноябр 27, 2022 18:03 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Федерасиюни футболи Эрон ба ФИФА дар бораи шайтанати амрикоиҳо дар тағйири намоди парчами Эрон

Федерасиюни футболи Эрон бо ирсоли эмейле ба ФИФА, иқдоми Федерасиюни футболи Амрико дар тағйири намоди парчами Эронро маҳкӯм кард.

Сафҳаи “Инстаграм”-ии Федерасиюни футболи Амрико, дар иқдоме ғайриҳирфаӣ намоди «Аллоҳ»-ро аз парчами Эрон ҳазф кард.

Ба гузориши сайти расмии Федерасиюни футболи Эрон, дар пайи ин иқдом, Федерасиюни футболи Эрон бо ирсоли эмейле ба ФИФА хостори тазаккуру бархӯрди ҷиддии Федерасиюни ҷаҳонии футбол бо Федерасиюни футболи Амрико шудааст.

Дар идомаи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, тимҳои миллии Эрону Амрико рӯзи сешанбе ба масоф ҳам мераванд.

Бар асоси банди аввали фасли 13  асосномаи Федератсюни байнамилалии футбол, ҳар фард ё ниҳоде, ки ба ҳувият ва нишонаҳои миллӣ ва динии як кишвари узви ин федератсюн тааруз кунад, ҳаддиақал аз анҷоми 10 бозӣ маҳрум хоҳад шуд.

 

Барчасп