Боздошти саршабакаи аслии расонаи террористии Эрон Интернешнал дар шиморлу ғарбӣ Эрон
(last modified Mon, 28 Nov 2022 07:03:53 GMT )
Ноябр 28, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  • Марги Маҳсо Аминӣ бори дигар сабаб шуд то душманони хориҷии Ҷуҳӯрии Исломии  Эрон аз ин фурсат барои таҳрики ҳарчӣ бештари ошӯбҳо истифода кунанд
    Марги Маҳсо Аминӣ бори дигар сабаб шуд то душманони хориҷии Ҷуҳӯрии Исломии Эрон аз ин фурсат барои таҳрики ҳарчӣ бештари ошӯбҳо истифода кунанд

Саршабакаи аслии расонаи террористии Эрон Интернешнал дар шимолу ғарбӣ Эрон шиносоӣ ва дастгир шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, равобитии умумии қароргоҳи Ҳамза Саид-Алшуҳадои нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоти исломӣ эълом кард: Бо ашрафи иттилооти посдорон дар Сипоҳи шаҳристони  Хуй, устони Озарбойҷони ғарбӣ, шимолу шарқи Эрон, саршабакаи аслии расонаи террористии Интернешнал дар Хуй шиносоӣ ва дастгир шуд. Дар паи нооромиии рӯхдода дар сатҳи шаҳристони Хуй, омили аслии расонаи террористии Интернешнал, ки бо судури фарохонҳои муътаадид дар фазои маҷозӣ ва таҳрики соирин ба иқдомоти зиддӣ амниятӣ, қасди анҷоми харобкори ва хадшадор кардани амнияти умумии шаҳристонро дошт, таи як амалиёти иттилоотии печида, шиносоӣ ва дастгир шуд. Брузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар сабаб шуд то душманони хориҷии Ҷуҳӯрии Исломии  Эрон аз он ба масобаи фурсате барои мудохила дар умури дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳарчӣ бештари ошӯбҳо истифода кунанд.

Бештар бихонед: