Ноябр 28, 2022 18:30 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амири Қатар
    Гуфтугуи телефонии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амири Қатар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амири Қатар дар бораи равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефони бо шайх Тамим бин Ҳамд Олисонӣ амири Қатар ҳамчунин баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар ин кишварро сабаби сарбаландии кишварҳои исломӣ донист.

Бистудувумин даври мусобиқоти футболи Ҷоми Ҷаҳонӣ аз 20 ноябри соли 2022 ба мизбонии кишварҳои Қатар оғоз шуда аст. Тими миллии футболи Эрон дар гуруҳи "В" ин мусобиқот бо Англис, Амрико ва Велз ҳамгуруҳ аст.

Тими миллии футболи Эрон, ки дар нахстин дидори гуруҳи "В" бистудувумин даври рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳони баробари Англис 6 бар 2 сикаст хурда буд рузи ҷумъа дар дувумин бозии худ ба доварии арию Албрату Аскубар аз Гуотмала дар варзишгоҳи Аҳмад ибни Алӣ ба масофи тими миллии Велз рафт ва бо натиҷаи 2 бар сифр ҳарифро шикаст дод.

Дидори севуми Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар фардо сешанбе аз соати 22:30 баробари тими миллии футболи Амрико баргузор мешавад.

 

Барчасп