Ноябр 29, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Постери ҷаззоби Эрон барои масоф бо Амрико

Федерасиюни футболи Эрон аз постер(плакат)и расмии бозии имшаб баробари Амрико рӯнамоӣ кард .

Тақобули Эрону Амрико ба худии худ ҳассосиятҳои хоси худро дорад ва ҳоло гиреҳ хӯрдани сарнавишти суъӯди гуруҳи B ба натиҷаи он, ба ҳассосиятҳои кор афзудааст . Шогирдон Кейруш муқобили Амрико талош хоҳанд кард, то натиҷае касб кунанд, ки ба аввалин суъӯди онҳо аз даври гуруҳӣ мунҷар шавад .
Федерасиюни футболи Эрон имрӯз аз постери расмии худ барои бозӣ бо Амрико рӯнамоӣ кард . Дар ин постер акси бузурге аз Меҳдии Торимиро мебинем, ки ба унвони ситораи Эрон дар канори Тэлор Адамс-капитани Амрико дида мешавад .
Тақобули юзпаланг ба унвони намоди тими миллии Эрон бо уқобе, ки аз он ба унвони намоди тими миллии Амрико ёд мешавад, дар пушти заминаи ин постер худнамоӣ мекунад .

 

Барчасп