Раиси созмони Басиҷ : 47 созмони ҷосусӣ дар иғтишошот нақш доштанд
Раиси созмони Басиҷи мустазъафони Эрон таъкид кард : Душман ба иллати оҷиз мондан дар арсаи ҷанги сахт ба истифода аз ҷанги нарму таркибӣ бо авлавияти набарди расонаӣ ва амалиёти равонӣ ба манзури фиреби миллати бузурги Эрон рӯй оварад .
Сардор Ғуломризо Сулаймонӣ-раиси созмони Басиҷи мустазъафон дар понздаҳумини иҷлоси маҷмаъи басиҷиёни устони Теҳрон гуфт : Миллати бузургу муқтадири Эрон ҳамвора огоҳӣ ва ҳушёрии худро дар ҳаводиси гуногун нишон додааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Созмони басиҷи мустазъафон афзуд : Бо вуҷуди тавтеъаҳову фитнаҳои сангини душмани миллати бузурги Эрон душманро ноком гузошт, ки ба ҳамин далели амрикоиҳову режими саҳюнистӣ ба шикасти худ эътироф карданд .
Сардор Ғуломризо Сулаймонӣ дар хусуси хештандорӣ дар иғтишошоти ахир баён кард : Дар ҳаводиси ахир бо сабру хештандорӣ миёни фиребхӯрдагон ва афроди омӯзишдидаи душман фарқ қоил шудем ва ифтихори низоми Ҷумҳурии исломӣ мудирияти фитна ба гунае буд, ки душман маъюс шавад .
Раиси Созмони басиҷи мустазъафон ҳамчунин гуфт : Амрикоиҳо ва режими саҳюнистӣ дар муассисоти мутолиъотии худ баён кардаанд, ки Ҷумҳурии исломии Эрони таҳаққуқи Эрони қавиро аз масири илмӣ ва фанноварӣ барномарезӣ кардааст, ки ба манзури муқобила бо иқдомоти Эрон дар ҳавзаи илмӣ ва фанноварӣ бояд ин кишварро таҳрим ва даргири иғтишошот ва ноамнӣ кунем .