Бозгашти пайкари мутаҳҳари 100 шаҳиди даврони дифои муқаддас ба Эрон
(last modified Sun, 04 Dec 2022 12:29:47 GMT )
Декабр 04, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти пайкари мутаҳҳари 100 шаҳиди даврони дифои муқаддас ба Эрон

Фармондеҳи Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, аз бозгашти пайкари мутаҳҳари 100 шаҳиди даврони дифои муқаддас ба Эрон хабар дод.

Тирамоҳи имсол (1401), ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати имом Ҷавод (а) пайкари поку мутаҳҳари 35 шаҳиди тоза тафаҳҳус шуда аз марзи байналмилалии Шаламча ворид кишвар шуд.

Генерал Саиди Муҳамиадбоқирзода, фармондеҳи Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, гуфт: ин пайкарҳо рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ бо истиқболи мардуми Ободон ва Хуррамшаҳр вориди хоки кишвар хоҳанд шуд.

Генерал Боқирзода афзуд, пайкари поки ин шаҳидони воломақом дар манотиқи амалиётии даврони дифои муқаддас дар маҳдӯдаи устонҳои Месону Басра дар ҷануби шарқи Ироқ кашф шудааст, ки аз тариқи бандари Ободон вориди кишвар хоҳанд шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, пайкари шуҳадои марбӯт ба амалиётҳои Валфаҷри муқаддамотӣ, Валфаҷри як, Хайбар, Бадр, Карбалои панҷ, Байтулмуқаддаси ҳафт ва такҳои душман аст.