Оғоз ба кори Конфронси амниятии Теҳрон
Нахустин Конфронси амниятии Теҳрон бо мавзӯи “Назми амнияти минтақаӣ дар ғарби Осиё”, дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон субҳи имрӯз (якшанбе) дар суханронии ифтитоҳияи ин конфронс, минтақаи ғарби Осиёро барои кишварҳои ин минтақа ва ҷаҳон муҳим донист ва гуфт, доро будани беш аз се як ҳисаи нафти ҷаҳон ва 15 дарсад аз содироти гази ҷаҳон, қарор гирифтан дар маҳалли ҷудоии се қораи муҳимми Аврупо, Осиё ва Африқо, бархӯрдорӣ аз оброҳаҳои муҳим ва дастрасӣ ба обҳои озод ва бузург, аз вижагиҳои муҳим ва ҳассоси минтақаи ғарби Осиё аст.
Лориҷонӣ гуфт, роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа, иттиҳоди кишварҳои исломӣ ва мубориза бо режими саҳюнистӣ аст ва нигоҳи Эрон, эҷоди гуфтумон бар асоси тафаккури исломӣ ва тақвияти бунияи мусулмонони ғарби Осиё, барои муқобила бо дастовези дурӯғини ихтилофи шиа ва суннӣ аст.
Вай афзуд, бетаваҷҷӯҳӣ ба падидаи ҳушёрии сиёсӣ дар мардум ба хусус дар ҷавонон ва саркӯби он, тавсеа наёфтагӣ аз буъди иқтисодӣ, густариши фарҳанги ифротигарӣ ва набуди қудрати мусаллат, ноамниро бар минтақаи ғарби Осиё аз гузашта токунун таҳмил кардааст.
Андешамандони фаъол дар ҳавзаи назми амнияти минтақа аз кишварҳои мухталиф бо ҳадафи шинохти минтақа барои таъмини амнияти ҷамъӣ дар нахустин Конфронси амниятии Теҳрон ҳузур доранд.