Декабр 07, 2022 21:19 Asia/Dushanbe
  • Cолрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро
    Cолрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро

Фардо (панҷшанбе), 13 ҷимодиюлаввали 1444 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо ҳаштуми декабри 2022 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) - духтари гиромии ҳазрати Муҳамад (с), паёмбари гиромии Ислом ва ҳамсари амири муъминон Алӣ бин Абитолиб (а) аст.

Иродатмандони аҳли байти исмату таҳорат (а) бо ҳузур дар масҷидҳо, ҳусайнияҳо, маконҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас (шимоли шарқи Эрон) ва ҳазрати Маъсума (с.а) дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон), дар ойини сӯгвории шаҳодати мазлумонаи духтари набии акрам (с) ширкат мекунанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) дар бистуми ҷимодиюссонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падарашон паёмбари акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд. Эшон аз сарчашмаи улуми илоҳӣ баҳраи фаровоне доштанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) дар саросари зиндагии худ саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат, ибодати парвардгор ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилвагар сохтанд ва инсонҳои бузургу таърих‎созе ҳамчун имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) дар домони ӯ парвариш ёфтанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) пас аз 18 соли зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақту ранҷу ғами реҳлати падарашон ҳазрати Муҳаммад (с.а) ба ривояте дар 13 ҷимодиюлаввал ва ба ривояте дар сеюми ҷимодиюссонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) - ро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

Барчасп