Дастгирии аъзои тими террористӣ дар шимолу шарқи Эрон
Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии устони Хуросони разавии Эрон аз дастгирии тими террористӣ дар ин устони шимолу шарқӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сипоҳ дар иттилоъияе эълом кард, аъзои як тими террористӣ аз гурӯҳаки ҷайшулзулм, ки қасди анҷоми иқдомоти зиддиамниятӣ ва амалиёти террористӣ дар Машҳади муқаддас аз ҷумла ҳамла ба устондорӣ ва террори имоми ҷумъаи Машҳадро дошт, шиносоӣ ва аъзои он дастгир шуданд .
Ин иттилоъия меафзоед аз махфигоҳи ин афрод мақодири қобили таваҷҷӯҳи силоҳ, муҳимот ва маводи мунфаҷира кашф шудааст ва муртабитон ва авомили пуштибонии онҳо дар соири устонҳо низ шиносоӣ ва таҳти расади иттилоотӣ қарор доранд .
Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки дар солҳои ахир аз ҳомиёни аслии эҷоди нооромӣ ва хушунати хиёбонӣ дар Эрон маҳсӯб мешаванд, дар таҳаввулоту нооромиҳои чанд ҳафтаи ахири Эрон низ аз тариқи ҳимоят аз террористҳо ва ҳамчунин доман задан ба иғтишошот ، нақш доштаанд .
Бештар бихонед :