Мусобиқоти каратэи қаҳрамонии Осиё; 6 медоли брунз барои Эрон
Декабр 19, 2022 17:38 Asia/Dushanbe
Сеюмин рӯзи мусобиқоти каратэи қаҳрамонии Осиё 2022 ба мизбонии Узбекистон бо баргузории мусобиқоти Kata ва kumite бузургсолон ба поён расид ва тими Эрон ба 6 медоли брунз расид.
Ин рақобатҳо дар тамомии радаҳои синнӣ ба мизбонии Тошканд дар ҳоли баргузарист.
Дар мусобиқоти рӯзи якшанбе, Соро Баҳманёр, Фотимаи Саодатӣ, Мубино Ҳайдарӣу ва Лайло Барҷалӣ дар kumite бонувон Алӣ Мискинӣ ва Солеҳ Абозарӣ дар kumite оқоён муваффақ ба касби медоли брунз шуданд.
Рақобатҳои финали kumite инфиродӣ сешанбе баргузор мешавад.
Бад-ин тартиб то поёни рӯзи сеюм намояндагони каратэи Эрон муваффақ ба касби 6 тилло, 6 нуқра, 17 брунз ва маҷмуъ 29 медол шуданд.
Барчасп