Иқтисоди Эрон дар масири рушд; Бо нафт 3.3 дарсад ва бидуни нафт 3.4 дарсад
(last modified 2022-12-20T06:23:36+00:00 )
Декабр 20, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  •   Иқтисоди Эрон дар масири рушд; Бо нафт 3.3 дарсад ва бидуни нафт 3.4 дарсад

Маркази омори Эрон дар гузорише эълом кард, рушди иқтисоди Эрон аз 21 март то 22 сентябри 2022, бо нафт 3.3 дарсад ва бидуни нафт 3.4 дарсад будааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси охирин натоиҷи ҳисобҳои миллии фаслии Маркази омори Эрон, маҳсули нохолиси дохилӣ (gdp) аз 21 март то 22 сентябр 2022, ба рақами 3870 ҳазор миллиард риёл бо нафт ва 3326 ҳазор миллиард риёл бидуни эҳтисоби нафт расидааст, ки нишон аз рушди 3,3 дарсадии маҳсули нохолиси дохилӣ бо нафт ва 3.4 дарсад маҳсули нохолиси дохилӣ бидуни нафт дорад.

 Натоиҷи мазкур ҳокӣ аз он аст, ки аз 21 март то 22 сентябри 2022, гурӯҳи саноеъ ва маодин 5 дарсад ва гурӯҳи хадамот 2.6 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта рушд доштааст.

 Давлати сездаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кор дар севуми августи 2021, бо эъломи барқарории тавозун дар сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаро дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор додааст.

  Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақавии назири паймони Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисоди ЭКО аз ҷумлаи намунаҳои мутавозинсози сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сездаҳум думбол мешавад.

 

Барчасп