Ҷузиёти амалиёти се соатаи  нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ барои дастгирии террористҳои Изаи устони Хузистон
(last modified 2022-12-27T08:18:54+00:00 )
Декабр 27, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷузиёти амалиёти се соатаи  нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ барои дастгирии террористҳои Изаи устони Хузистон
    Ҷузиёти амалиёти се соатаи  нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ барои дастгирии террористҳои Изаи устони Хузистон

Бо талоши неруҳои амниятии Эрон дар амалиёти се соатаи ду нафар аз террористҳои қотили Киёни Пирфалак ва 7 нафари дигар аз шаҳрвандони Изаи дар устони Хузистон дар ҷануби ғарбии Эрон дастгир ва ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

Генерал Ҳасани Карамӣ, фармондеҳи ягонҳои махсуси интизомии кишвар дар гуфтугу бо хабаргузории Форс дар хусуси ҷузиёти дастгири ва кушта шудани омилҳои террористии ҳодисаи Изаи Хузистон ва нақши нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ дар ин амалиёт изҳор дошт: Бо ишроф ва расади иттилоъотӣ ва огоҳии аз ин мавзуъ, ки теъдоди аз омилҳои ҳодисаи террористӣ шаҳристони Иза дар рустоӣ дар маҳдудаи шаҳристонҳои Иза ва Боғмалак пинҳон шуданд нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ ягонҳои махсуси устони Хузистон ба маҳал эзом шуда ва бо кумаки омилҳои интизомии шаҳристонҳои Боғмалак ва Иза маҳали мавриди назарро муҳосира карданд.

Фармондеҳи ягонҳои махсуси интизомии кишвар таъкид кард: Омилҳои террористӣ пас аз иттилоъ аз ҳузури маъмурон иқдом ба тирандози ба тарафи маъмурон кард, ки ин даргирии мусалаҳона се соат идома пайдо кард.

Вай афзуд: Дар ниҳоят дар музокира ва амалиёти равонӣ саранҷом ду нафари аз ин омилҳо худро таслим кард, аммо ду нафари дигар ба тирандози ва даргирии мусалаҳона идома доданд, ки дар ниҳоят замони даргири куша шуданд.

Генерал Карамӣ аз кашфи се адад аслаҳаи ҷангии калашников, як адад силоҳи ҷангии култи камари, миқдори зиёди тири ҷангӣ ва дигар васоил ва сохти куктел мулутуф аз террористҳо хабар дод ва хотирнишон кард: Хати сурхи маъмурони сиёҳпуши нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ ва палангпушони ягонҳои махсуси амният ва оромиш ва осоиш мардум аст ва намегузоранд теъдоди фиребхурда ва фурсаталаб амнияти мардумро аз байн бибаранд.

Гуфтани аст дар пайи вуқуи ҷинояти террористӣ раҳзанони мусалаҳ дар 24 ва 25 обонмоҳи гузашта дар шаҳри Иза 7 нафар аз ҷумла Киёни Пирфалак ба шаҳодат расид ва 12 нафари аз шаҳрвандони Изаи маҷруҳ шуданд.

 

Барчасп