Амир Абдуллоҳиён : Ҳомили паёми Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои Султони Уммон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i96062-Амир_Абдуллоҳиён_Ҳомили_паёми_Раиси_Ҷумҳӯрии_Исломии_Эрон_барои_Султони_Уммон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар баъди вуруд ба Маскат гуфт, ки ҳомили паёми Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои Султони Уммон аст
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 28, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён : Ҳомили паёми Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои Султони Уммон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар баъди вуруд ба Маскат гуфт, ки ҳомили паёми Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои Султони Уммон аст

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон изҳор кард, Теҳрон ва Маскат  ҳамвора ройзаниҳои дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар мавзӯъоти маврид, алоқа доштаанд.

Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин, ки ҳомили паёми Сайид Иброҳими Раисӣ, Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои Султони Уммон аст афзӯд: Ҳамвора мақомоти Уммон дар наздик кардани дидгоҳои тарафайн ва расидан  ба гомҳои ниҳоии тавофуқ нақши мусбат ва созандаеро ифо кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, Уммонро маркази гуфтугӯи минтақаӣ дар масоили мутанавеъ донист ва тасреҳ кард, Уммон дар иртибот бо  Эрон  ва дар иртибот бо бӯҳронҳои минтақаӣ ҳамвора нақши хайрхоҳона доштааст.

Амир Абдуллоҳиён хотирнишон кард, ин сафар фурсате аст зимни мурури масоили джуҷонибаи Эрон ваа Уммон, масоилне, ки шитоби бештаре бо он дода шаввад монанди бӯҳрон дарт Яман, Афғонистон ва Украина низ барраси шавад.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи сешанбе дар садри ҳайате ба Маскат пойтахти Уммон сафар кард.