Ройзаниҳои Амирабдуллоҳиён бо мақомоти олирутбаи Уммон
Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири умури хориҷа ва вазири мактаби султонии Уммон ба таври ҷудогона дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба ройзанӣ ва табодули назар кард.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, ки сешанбешаб ба Масқат сафар кардааст, зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе) бо Саид Бадр бин Ҳамад Ал Бусаъидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон дидору гуфтугу кард. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин субҳи имрӯз бо артишбуд Султон бин Муҳаммад Ал Нуъмонӣ, вазири мактаби султонии Уммон дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф табодули назар кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз ин низ дар дидор бо Ҳисом бин Ториқ Оли Саид, паёми катбии раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳовии даъвати расмӣ аз Султони Уммон барои сафар ба Эрон аст, тақдими ӯ кард. Вазири умӯри хориҷа дар дидор бо подшоҳи Уммон дар бораи мавзуоти мавриди алоқаи муштараки ду кишвар гуфтугу кард ва бо мурури дастовардҳои сафари Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Масқат, бар аҳаммияти иҷроӣ шудани комили тавофуқоти ба амал омада байни ду кишвар таъкид кард.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин тавсеаи ҳамаҷонибаи равобиту ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл ва соири заминаҳоро мавриди таъкид қарор дод.
Султони Уммон ҳам ибрози умедворӣ кард, дар ояндаи наздик ба Эрон сафар кунад ва муносиботи ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.