Сафорати Эрон дар Афғонистон: Генерал Сулаймонӣ ҳосили сипари кардани як умр дар роҳи сарафрозии Эрон аст
(last modified 2023-01-01T05:39:33+00:00 )
Январ 01, 2023 10:39 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Афғонистон: Генерал Сулаймонӣ ҳосили сипари кардани як умр дар роҳи сарафрозии Эрон аст
    Сафорати Эрон дар Афғонистон: Генерал Сулаймонӣ ҳосили сипари кардани як умр дар роҳи сарафрозии Эрон аст

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон дар паёми ба муносибати солрузи шаҳодати генерал Қосими Сулаймонӣ эълом кард: Қаҳрамони мардуми кишвар будан ҳосили сипари кардани як умр дар роҳи сарафрозии Эрон аст.

Генерал Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи соли 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кившар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористӣ амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ "Ҳашдушаъби" ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Эрон дар Кобул дар паёми твиттери бо ёдоварии севумин солгарди шаҳодати генерал Сулаймонӣ навишт: Дифоъи муқаддас таърихи истодагӣ барои истиқлол, амният ва иззати Эрон аст ва шаҳид Сулаймонӣ ёдгори барҷастаи он даврон буд, ки то охирин лаҳза бар аҳдаи худ монд.

Сафорати Эрон дар Афғонистон дар паёми дигари навишт: Генерал Қосими Сулаймонӣ бузургмарде буд, ки қурбонии террористӣ давлати шуд.

 

Барчасп