Таъкиди ҷонишини вазири улум бар омодагии донишгоҳҳои Эрон барои пазириши донишҷуёни худати афғонистонӣ
(last modified Sun, 01 Jan 2023 08:34:21 GMT )
Январ 01, 2023 13:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ҷонишини вазири улум бар омодагии донишгоҳҳои Эрон барои пазириши донишҷуёни худати афғонистонӣ
    Таъкиди ҷонишини вазири улум бар омодагии донишгоҳҳои Эрон барои пазириши донишҷуёни худати афғонистонӣ

Ҷонишини вазири улум таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури байналмилали бар омодагии донишгоҳҳои Эрон барои пазириши донишҷуёни духтари афғонистонӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати улум, Ваҳиди Ҳадодиасл, ҷонишини вазири улум гуфт: Пазириши довталабонаи афғонистонӣ ба сурати маҷозӣ ва дар ҳади маҳдуди ба сурати ҳузури хоҳад буд.

Иброҳими Тақизода, раиси донишгоҳи Паёминур низ аз омодагии ин донишгоҳ барои пазириши 5 ҳазор донишҷуи афғонистонӣ дар давраҳои омузиши ҳузури то меҳрмоҳи соли 1402 хабар дод.

Ҷалоли Дурахша, муъовини байналмилали ва умури донишҷуёни ғайри эронии донишгоҳи озоди исломӣ ҳам ахиран эълом кард: Ин донишгоҳ дар воҳидҳои мутаъадиди донишгоҳии худ дар саросари кишвар пазириши занони муштоқи илм ва дониш аз кишвар Афғонистон аст.

 

Барчасп