Январ 03, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ : Парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ 94 муттаҳами амрикоӣ дорад

Муовини ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт : Парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ 94 муттаҳами амрикоӣ ва 17 муттаҳами ироқӣ дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ дар як барномаи телевизиюнӣ дар Эрон бо баёни инки тамаркуз бар рӯйи муттаҳамони амрикоӣ аст, ки 94 нафар ҳастанд ; афзуд: Албатта нафароти аслӣ Трамп, Помпео ва Маккензи ҳастанд, аммо ҳеҷ касе аз расидагии қазоӣ дар амон нахоҳад буд; дар воқеъ кайфархосте ки танзим мешавад комилан иттиҳомот мутаваҷҷеҳи 94 нафар ва ба вижа он се нафар аст ва дастгоҳи қазоӣ ба он расидагӣ хоҳад кард ва мо ҳеҷ монеъеро дар ин замина пеши рӯй худамон дар низоми қазоӣ намебинем .
Муовини ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрони афзуд : Номаҳои қазоӣ барои ҳар кишвари дигаре ҳам ирсол шуда, яъне ин парванда муттаҳамонаш фақат амрикоӣ ҳо нестанд, муттаҳамони аслӣ амрикоӣ ҳастанд, аммо инҳо ҳамдаст ва мушовироне доштанд аз кишварҳои дигар масалан аз бархе аз кишварҳои минтақа аз ду кишвари аврупоӣ мисли Олмону Англия; ин номаҳои қазоӣ мутаъасифона ин кишварҳо то алон посух надоданд яъне саволоте аст ва дархости ирсоли мустанадот ва ё анҷоми таҳқиқот, ки аз сӯи бозпурси парванда барои ин кишварҳо ирсол шуда аз тариқи канали дипломатӣ ва мо албата ахиран аз тариқи Вазорати умӯри хориҷа фишор бар ин кишварҳоро афзоиши додем, ки дар ҳар сурат ҷавобе ба ин номаҳо бояд бидиҳанд яъне ин парванда метавонад идома пайдо бикунад дар мавриди соири муттаҳамон аз кишварҳои дигар, ки ин дар воқеъ марҳилаи баъдӣ хоҳад буд .
Ғарибободӣ идома дод : Нуктаи баъдӣ ҳам, ки бояд бигӯям даруни низоми қазоии Ироқ аст . Мо эҳтиром қоил ҳастем барои ҳамкорони қазоиямон дар кишвари Ироқ то алон ҳам ҳамкории бисёр хӯберо бо мо доштанд парвандае ки ташкил доданд ахиран ҳам хонаводаҳои шуҳадои ироқӣ дар воқеъ иттиҳомотеро мутаваҷҷеҳи панҷ нафари дигар дар Ироқ карданд ва инҳоро ҳам низоми қазоии Ироқ мо исрор дорем, ки ҳатман бояд расидагӣ кунанду дархосте ки аз дастгоҳи қазоии Ироқ дорем тасриъ дар фароянди расидагӣ ҳаст , яъне ҳар чи зудтар онҳо ҳам ки дархости худашонро омода ва фароянди муҳокимаро дар чорчӯби низоми қазоии Ироқ оғоз кунанд .

Бештар бихонед :

Барчасп