Январ 03, 2023 14:56 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби муваффақияти сомонаҳои дифои мушакии Эрон дар расонаи амрикоӣ

Расонаи амрикоии " Форбес " бо ишора ба муваффақияти сомонаҳои дифои мушакии Эрон аз ҷумла « Бовар - 373 » навишт, ки Эрон дар размоиши ҷадиди худ анвоъи сомонаҳои мушакиро бо муваффақият озмоиш кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сомонаи такмилёфтаи Бовар-373 бо бурди беш аз 300 километр шашуми ноябри 2022 дар маросиме бо ҳузури амир Муҳаммадризои Оштиёнӣ-вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ,амири сартип  Алиризо Сабоҳифард-фармондеҳи неруии падофанди ҳавоии артиш рӯнамоӣ ва озмоиши ин сомона бо мӯшаки Сайёд б4 бо муваффақият анҷом шуд.
Нашрияи амрикоии Форбес рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар гузорише навишт ҳудуди ду моҳ пеш буд, ки Эрон аз нусхаи ҷадиди сомонаи дифои мушакии Бовар - 373 бо бурди афзоишёфта рӯнамоӣ кард ва гуфт : Ин мӯшакҳо бо муваффақият як ҳадафро аз 186 моилӣ нобуд кардаанд .
Дар ин гузориш омадааст Бовар – 373, ки дар моҳи август соли 2019 дар неруҳои низомии Эрон ба хизмат гирифта шуд, нақши падофанди ҳавоии ин кишварро бозӣ мекунад .
Расонаҳои Эрон дар моҳи ноябри 2022 гузориш доданд, ки як нусхаи иртиқоёфтаи ин мушак тавлид шуда ва ин мӯшакҳо бо муваффақияти озмоиш шудаанд .
Дар ин озмоиш радари ин сомона як ҳадафро аз фосилаи 280 моилии шиносоӣ ва онро аз фосилаи 250 моилӣ радёбӣ кард ва бо истифода аз мӯшаки ҷадиди « Сайёд - 4 » дар бурди 186 моилӣ нобуд кард .
Сохти Бовар 373 ба дастуру фармони Раҳбари муаззами инқилоб анҷом шуд, зеро фармони раҳбари олии Эрон ин буд ки ҳеч гоҳ дар мавзӯи сокин намонем ва ҳамеша дар ҳоли тавсеа ва пешрафт бошем .

Бештар бихонед :

 

Барчасп