Ҳушдори сафири Эрон дар Созмони Миллал ба моҷароҷӯйи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Теҳрон
(last modified 2023-01-04T07:44:19+00:00 )
Январ 04, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Дар воқеъ чунин изҳороти ҷангафрӯзи нишон медиҳад, ки режими Исроил масъули тамоми эъмоли ҷинояткорона ва террористӣ алайҳи Эрон аст
    Дар воқеъ чунин изҳороти ҷангафрӯзи нишон медиҳад, ки режими Исроил масъули тамоми эъмоли ҷинояткорона ва террористӣ алайҳи Эрон аст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба моҷароҷӯйи низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Теҳрон ба манзури иҷроии сиёсатҳои шаруронаи худ дар минтақа ҳушдор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони Миллал бо ирсоли номае ба Дабири Кулл ва Раиси Шӯрои амнияти Созмони Миллал ба изҳороти ҷангталабонаи ахири мақомоти режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.

Дар ин нома Амир Саъид Ировонӣ гуфт: Режими Исроил ҳамчунон ба нақзи ҳуқуқи байналмиллал ва маншури Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Ҷумҳӯриии  Исломии Эрон аз тариқи таҳдид ва истифода аз зур алайҳи Эрон идома медиҳад, ки ҷадидтарини онҳо изҳороти ҷангталабонаи мақомоти ин режим аст, ки ошкоро таҳдид ба истифода аз зур алайҳи барномаҳои ҳастаии сулҳомези Эрон кардаанд.

Сафири Эрон дар номаи мазкур таъкид кард, таҳдид ба тавасул ба зур дар ҳоле аз сӯйи мақомоти ин режими номашрӯъ матраҳ мегардад, ки барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон таҳти иқдомоти рости озмоӣ, назорат ва шафофияти ҳастаии ожонси байналмиллалии энержии атоми буда, ки дар таърихӣ ин ожонс бесобиқа будааст.

Дар ин нома ҳамчунин ишора шудааст, ки ин аввалин бор нест, ки режими Исроил алайҳи Эрон   мутавасил ба зур шудааст, ин режим қаблан ва ошкоро масъулияти худро дар қиболи амалиёти терроористӣ ва мухриб анҷом шуда алайҳи мақомот, донишмандон, ғайри низомиён ва зерсохтҳои сулҳомези ҳастаии Эрон дар дохили хоки Эрон дар солҳои ахир пазирӯфтааст.

Вай афзӯд: Дар воқеъ чунин изҳороти ҷангафрӯзи нишон медиҳад, ки режими Исроил масъули тамоми эъмоли ҷинояткорона ва террористӣ алайҳи Эрон аст ва бояд авоқиби онро низ бипазирад.

 

Барчасп