Таъкиди соҳибназарони сиёсии минтақа ба тақвияти мактаби Сулаймонӣ
(last modified Thu, 05 Jan 2023 09:13:48 GMT )
Январ 05, 2023 14:13 Asia/Dushanbe
  • Дар ин нишаст, андешмандоне аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистону Эрон бар ҳифзи мактаби Сулаймонӣ таъкид карданд
    Дар ин нишаст, андешмандоне аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистону Эрон бар ҳифзи мактаби Сулаймонӣ таъкид карданд

Нишасти байналмилалии соҳибназарони кишварҳои минтақа дар Машҳад баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишасти байналмилалӣ андешмандон ва соҳибназароне аз кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва Эрон дар хусӯси аҳамияти ҳифзи мактаби Сулаймонӣ, матолибе баён карданд.

Дар ибтидои ин ҳамоиш Муҳсини Насрпур, мудири кулли Садои ва симои Хуросони Разавӣ (дар шарқи Эрон) бо ишора ба мазиятҳои Хуросони Разавӣ гуфт: Шаҳид Сулаймонӣ, шаҳиди амнияти миллӣ буд. Вай афзуд: Шаҳид сардор Сулаймонӣ як низомии барҷастаи ҷаҳонӣ ва шихсияти фарҳангӣ ва таҷасуми амнияти минтақаӣ буд.

Муҳсини Насрпур хостори тарвиҷи мактаби Сулаймонӣ аз тариқи тавлиди осори фахрии ҳунарӣ ва фаромиллӣ дар минтақа шуд.

Дар идомаи Қодир Маликов, мушовири собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон нақши шаҳид сардор Сулаймониро дар эҷод ва тиқвияти ваҳдати исломӣ бисёр муҳим тавсиф кард. Вай афзуд: амсоли сулаймониҳо дар тӯли таърих ҳар 100 сол якбор зуҳӯр мекунанд ва мо бояд мерос ва мактаби Сулаймониро ҳамвора зинда нигаҳдорем.

Вай афзуд: Абъоди шахсиятии шаҳид Сулаймонӣ ҳануз шинохта шуда нест ва мо мусулмонон бояд барои ҷилавгирӣ аз нуфузи душманон дар афкори ҷавонони кишварҳои минтақа бо ҷангҳои таркибии Ғарб муқобила кунем ва ба мушкилоти мардум ва посухгӯӣ ба ниёзҳои фикрии ҷавонон талош кунем.

Маҳмадулло Ҳайдарӣ, сафири собиқи Афғонистон дар Эрон ҳам гуфт: Шаҳид Сулаймонӣ дар раъси ҷабҳаи мубориза бо хатарноктарин ваҳшиноктарин падидаи асри ҳозир, яъне ДИИШ буд. Шаҳид Сулаймонӣ бо ҳечкадом аз сардорони сад соли гузашта то кунун қобили муқоиса нест.

Дар идома Шафқат Ҳусайни Шерозӣ, муовини байналмилалии Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон гуфт, шаҳид Сулаймонӣ душманшиноси намуна буд. Сардор Сулаймонӣ тавонист нақшаи Амрикоро барои чандтиккасозии кишварҳои Эрон ва Сурия ва Ироқро хунсо кунад.

Элина Сатторова, сардабири Бунёди Аломаи Қирғизистон ҳам гуфт, вазифаи аслии сардор Сулаймонӣ дифо аз Ислом дар саросари ҷаҳон буд ва барои ӯ тафовутҳои мазҳаб ва гуиш ва қавмиятҳо муҳим набуд, балки талоши ӯ ҳифзи арзишҳои ислом будааст.

Мавлавӣ Муҳаммад Мухтор Муфлиҳ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон гуфт, вазифаи мо ин аст, ки бо иқдомоти муассири худ посдори хуни шаҳид Сулаймонӣ бошем.

Вай афзуд, шаҳид Сулаймонӣ 2 нақшаи Амрико дар минтақаро шомили муомилаи қарн ва Ховари Миёнаи бузургро хунсо кард.

Дар поён Насибуллоҳ Умаров, устоди донишгоҳи Тоҷикистон гуфт: Шаҳид Сулаймониӣ докторинаи амнияти минтақаӣ ва муқовимати мардумиро дар муқобила бо ҷараёнҳои такфирӣ, аз ҷумла ДИИШ тарроҳӣ кард. Умаров афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҷараёни такфирӣ вориди кишвари Озарбойҷон шудааст ва ба сӯрати хазнда дар ҳоли фаъолият ва таҷдиди қувост ва мо бояд ҳӯшёр бошем ва бо ваҳдати кишварҳои минтақа ин таҳдидро хунсо кунем. Дар идома Саидҷаводи Ҳайдарӣ, масъули Маркази маҳдавияти Ҳирот ва Ҳодӣ Афшори Сафавӣ, мудири Радиои зиёрат дар бораи далоили ҳузури Амрико дар минтақа ва рашодатҳои сардори шаҳид Сулаймонӣ матолибе баён карданд.

Бештар бихонед: