Сардор Қоонӣ : Размандагони ҷабҳаи муқовимат арсаро бар Амрико танг кардаанд
Фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Размандагони ҷабҳаи муқовимат арсаро бар Амрико танг кардаанд.
Сардор Исмоили Қоонӣ-фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар ёдвораи шаҳид, сардор Ҳусайни Пурҷаъфарӣ дар Гулзори шуҳадои байналмиллалии Кирмон, ҷануби Эрон бо гиромидошти ёду хотираи шаҳидон ба вижа сардори сипаҳбуд, шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш ба вижа шаҳид Ҳусайни Пурҷаъфарӣ афзуд : Шаҳид Ҳусайни Пурҷаъфарӣ, шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва дигар шуҳадо фидокорона по ба пои сардор Сулаймонӣ рафтанд ва масири муқовиматро тақвият карданд .
Сардор Қоонӣ бо гиромидошти шуҳадои муқовимат бозхонии иззату азамати Ҷумҳурии исломии Эрон ва иқтидори Инқилоби исломӣ аст, афзуд : Маҷлиси шуҳадо, маҷлиси баёни иқтидору арзишҳои илоҳӣ аст, ки дар мактаби Ислом вуҷуд дорад .
Сардор Қоонӣ бо ишора ба инки мактаби шаҳид Сулаймонӣ, мактаби шуҷоату иқтидор ва истодан муқобили истикбору зӯргӯӣ дар олам аст, гуфт : Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳар таҳдиде табдил ба фурсат шуд ва неруҳои муқовимат дар саросари олам аз Фаластину Яман ва Сурия аз шаҳидони Эрон аз ҷумла шаҳид Сулаймонӣ улгӯ гирифта ва арсаро бар Амрико танг карданд.