Раиси Ҷумҳӯри Эрон: Лоиҳаи будҷаи 1402 ҳамсу бо сиёсатҳои кулии барномаи ҳафтум нигошта шуд
(last modified 2023-01-11T10:15:03+00:00 )
Январ 11, 2023 15:15 Asia/Dushanbe
  • Вай бо баёни ин, ки тамоми талоши давлат имсол ин будааст, ки  дучори касрии будҷа нашавем
    Вай бо баёни ин, ки тамоми талоши давлат имсол ин будааст, ки дучори касрии будҷа нашавем

Раиси Ҷумҳӯр дар саҳни алании Маҷлис Шӯрои Исломи гуфт: Тамоми талоши мо ин буд, ки лоиҳаи будҷаи 1402 бо сиёсатҳои эъломии Раҳбари муаззами инқилоб ва барномаи ҳафтум ҳамхони дошта бошад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳӯр дар ин ҷаласа бо баёни ин, ки давлат дар соли 1401 натавонист гомҳое бардорад,  мувафақияти онро ҳамаи касоне донистанд, ки бо дағдағамнади ва ҳимати худ дар ин замина талош кардаанд. Вай бо баёни ин, ки бахши будҷаи ширкатҳо давлатӣ аввали обон моҳ тақдими Маҷлиси Шӯрои Исроми шуда буд, изҳор дошт: Тақдими зудтари будҷаи ширкатҳо барои ин буд, ки  қонунгузор иттилоъи бештаре дар ин замина дошта бошад.

Раисӣ бо баёни ин, ки  лоиҳаи будҷа низ панҷуми дай моҳ ба Маҷлис Шӯрои Исломӣ таҳвил дода  шуд, изҳор дошт: Ду бахшт шудани будҷа шомили ҷадвали  табсира ва аҳком ба далели ислоҳи оинномаи дохили Маҷлис дар рафту омад буд то дар ниҳоят назари Маҷлис ниҳоӣ шуд.

Раисӣ бо баёни ин, ки бояд таваҷӯҳ кунем, ки чаро барномаҳои қаблии тавсиа ба таври комил иҷрои нашудааст, изҳор дошт: Дар сиёсатҳои иблоғии барномаи ҳафтум нукоти муҳиме Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ матраҳ карданд, ки давлат таъкид дошт дар тадвин лоиҳаи будҷаи 1402 давлати мавриди таваҷуҳ қарор гирад, аз ҷумла ин, ки аҳкоми доим аз аҳкоми як сола ҷудо шавад то касбу корҳо ба субот бирасад ва Маҷлис ҳам ба сурати саҳлу осон битавонад будҷа барраси кунад.

Вай бо баёни ин, ки тамоми талоши давлат имсол ин будааст, ки  дучори касрии будҷа нашавем , изҳор дошт: Талоши давлат ва Мачлис бар ин буд, ки таварум маҳор шавад, давлати сездаҳум давлатро бо 59.3 дарсад таварум  таҳвил гирифт ва акнун шоҳиди  19 дарсадии коҳиши он ҳастем ва бояд тасмимоти мо мунҷар ба коҳиши бештари таварум шавад.

Раисӣ ба иҷрои рутба бандии муаллимон пас аз 11 сол ишора кард ва афзӯд: 38 ҳазор миллиард тумон бобати подоши бознишастагон пардохт шуд ва моҳёна ба таври  мутавасит 15 ҳазор миллиард тумон авроқи моли тавассути давлат пардохт мешавад.