Амирабдуллоҳиён: Низоми султа пешрафти илмии Эронро таҳаммул намекунад
Вазири умури хориҷа дар паёме ба муносибати солгарди шаҳодати ду шаҳиди ҳастаӣ навишт, шаҳодати ин донишмандон, ангезаи музоафе барои ҷавонони нухбаи кишвар дар истимрори ҷиҳоди илмии онон ва расидан ба аҳдофи муҳимми илмӣ ап худкафоит кишвари исломӣ хоҳад буд.
Шаҳид Мустафо Аҳмадии Равшан, донишманди нухбаи ҷавони Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе 21 даймоҳи 1390 ва шаҳид Масъуди Алӣ Муҳаммадӣ дигар донишманди ҳастаии Эрон низ дар 22 даймоҳи 1388 бар асари инфиҷори як бомб ба шаҳодат расиданд.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме унвон кард, ин шаҳидон чунон бо ишқ, нубӯғ ва иродаи росих дар арсаи пешрафтҳои илмӣ ва фанноварии кишвар, муассиру холисона зоҳир шуданд, ки урдӯгоҳи истикбору низоми султа, ҳузури ин муҷоҳидони ҳавзаи илму фанноварӣ дар Эронро тоб наёвард.
Вай дар ин паём хотирнишон кард, низоми султа ба хаёли хоми худ барои ҷилавгирӣ аз расидани низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон ба қуллаҳои истиқлоли илмӣ ва ҳастаӣ, ҷисми поки ин шаҳидонро бо ноҷавонмардӣ омоҷи ҳуҷуми террористҳои муздӯр ва дармондаи худ кард, аммо иншоаллоҳ ҷӯшиши хуни ин ду шаҳиди азиз, ангезаи музоафе барои ҷавонони нухбаи кишвар дар истимрори ҷиҳоди илмии онон ва расидан ба аҳдофи худкафоии кишвари исломӣ хоҳад буд.
Вазири хориҷа дар ин паём афзуд, бешак шаҳодати ин ду донишманди гаронқадр, азми моро барои ёрӣ расондан ба талошгарони арсаи фанноварӣ ва истиқлолхоҳии кишвар росихтар месозад.