Ҳандболи қаҳрамонии ҷаҳон ; миллипӯшони Эрон дар ҷамъи 24 тими бартари ҷаҳон
Тими миллии ҳандболи Эрон бо шикасти Чили баробари Монтенегро аз гуруҳи худ дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон суъуд кард ва бо қарор гирифтан дар ҷамъи 24 тими бартари ҷаҳон таърихсоз шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чаҳор дидори нахусти шашумин рӯз аз дидорҳои ҳандболи қаҳрамонии ҷаҳонии Полша - Шветсия дар ҳоле ба поён расид, ки бозии тимҳои миллии Чили ва Монтенегро дар суъуди тими миллии ҳандболи Эрон таъсиргузор буд .
Миллипӯшон дар гуруҳи A дар дидори аввал баробари Чили ба бартарӣ расиданд ва дар бозии дувум бо имтиёзи наздики бозиро ба Монтенегро вогузор карданд ва аз соъати 23 шомгоҳи душанбе дар охирин бозии марҳилаи гуруҳӣ ба масофи Испания-чаҳорумин қудрати бартари дунё рафтаанд .
Аммо суъуди тими миллии ҳандболи Эрон дишаб дар гарави яке аз ҳассостарин бозиҳо миёни тимҳои миллии Чили ва Монтенегро буд, ки Чиле дар имтиёзи наздики 35 бар 33 бозиро вогузор кард, то бо се шикаст аз суъуд ба марҳилаи баъдӣ бозмонд ва дар ниҳоят суъуди Эронро қатъӣ кард .
Бо ин натиҷа тимҳои миллии Эрон, Монтенегро ва Испания аз гуруҳи A мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон суъуд карданд ва дар ҷамъи 24 тими бартари ҷаҳон ҷой гирифтанд .
Бар ин асос тими миллии Эрон дар шаҳри Кракав хоҳад монд, то бо се тими бартари гуруҳи B дар марҳилаи баъдӣ бозӣ кунад .
Ин аввалин бор аст, ки тими миллии ҳандболи мардони Эрон ба марҳилаи аслии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбад.
Бештар бихонед :