Эрдуғон: Равобити Теҳрон ва Анкара муҳим ва мумтоз аст
(last modified Wed, 18 Jan 2023 06:20:11 GMT )
Январ 18, 2023 11:20 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён ҳам дар ин дидор омодагии Теҳаронро барои талош дар ҷиҳати дастёбӣ ба сақфи ҳадафгузории  тиҷоратии Эрон ва Туркия эълом кард
    Амир Абдуллоҳиён ҳам дар ин дидор омодагии Теҳаронро барои талош дар ҷиҳати дастёбӣ ба сақфи ҳадафгузории тиҷоратии Эрон ва Туркия эълом кард

Раиси Ҷумҳӯрии Туркия дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, равобити Теҳрон ва Анкараро муҳим ва мумтоз хонд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Туркия дар садри ҳайати сиёсӣ ба Анкара пойтахти ин кившар сафар кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Раис Ҷумҳӯри Туркия дар дидор бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба аҳамияти нақши Теҳрон дар гуфтугӯҳои раванди Остона, таъкид кард, яқинан Эрон метавонад ба рӯйкардҳои ҷадид кумаки муассир кунад.

Раиси Ҷумҳӯри Туркия ҳамчунин эъломи омодаги  барои  иртиқои равобити ду ҷониба бо Эрон ибрози умедвори кард дар ояндаи наздик мизбони Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бошад.

Амир Абдуллоҳиён ҳам дар ин дидор омодагии Теҳаронро барои талош дар ҷиҳати дастёбӣ ба сақфи ҳадафгузории  тиҷоратии Эрон ва Туркия эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ибрози хушнуди аз шурӯъи раванди ҳамкории Туркия ва Сурия, ибрози умедвори кард, ки ин раванд ба сулҳ ва субот миёни ду кишвар бианҷомад.

Эрдуғон ва Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин дар ин мулоқот ба аҳамияти баргузории ҳаштумин нишасти камисиюни олии равобити Эрон ва Туркия, баргузории нишастҳои 3+3 дар бораи масоили Қафқоз, се ҷонибаи Эрон-Ироқ-Туркия ва ҳамчунин се ҷонибаи Эрон-Туркия ва Ҷумҳӯрии  Озарбойҷон таъкид карданд.