Танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон мунтақил шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i97092-Танҳо_зиндонии_боқимондаи_эронӣ_дар_Тоҷикистон_ба_Эрон_мунтақил_шуд
Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз интиқоли танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 19, 2023 20:21 Asia/Dushanbe
  • Танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон мунтақил шуд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз интиқоли танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар сафҳаи шахсии худ дар Таеттир дар ин иртибот навишт :

Бо пайгирӣ ва ройзаниҳои сафорат ва ҳамоҳангиҳои ба амаломада бо Вазорати умӯри хориҷа ва Вазорати додгустарии Ҷумҳурии исломии Эрон ва мусоидати мақомоти муҳтарами қазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар чорчӯби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумони байни ду кишвар, танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон имрӯз ( 29 даймоҳ ) ба кишварамон мунтақил шуд . »